Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомии Ганҷавӣ
Низомии Ганҷавӣ

Достони Фаридун бо оҳу

Субҳдаме бо ду-се аҳли дарун Рафт Фаридун ба тамошо бурун. Чун ба шикор омад дар марғзор, Оҳу-яке дид Фаридуншикор. Гардану гӯше зи хусумат барӣ, Чашму сурине ба шафоатгарӣ. Гуфтӣ аз он ҷо, ки назар ҷуста буд, Аз назари шоҳ бурун ҷаста буд. Шоҳ бад-он сайд чунон сайд шуд, К-аш ҳамагӣ бастаи он қайд шуд. Рахш бар ӯ чун ҷигараш гарм кард, Пушти камон чун шикамаш нарм кард. Тир бар он поя аз ӯ даргузашт, Рахш бар он пӯя ба гардиш нагашт. Гуфт бар тир: «Он пари кинат куҷост?» Гуфт ба рахш: «Он таки динат куҷост?» Тир забон шуд ҳама: «К-эй марзбон, Ҳаст назаргоҳи ту ин безабон! Дар канафи диръи ту ҷавлон занад, Бар сари диръи ту кӣ пайкон занад? Хуш набувад бо назари меҳтарон Бар дафи ӯ ҷуз кафи ҳунаргарон. Нест бари мардуми соҳибназар Хидмате аз аҳд писандидатар. Дасти вафо дар камари аҳд кун, То нашавӣ аҳдшикан, ҷаҳд кун. Ганҷнишин мор, ки дарвеш нест, Аз сар то дум камаре беш нест. Аз паи он гашт фалак тоҷи сар, К-аз сари хидмат ҳама тан шуд камар. Ҳар кӣ зимоми ҳунаре мекашад, Дар раҳи хидмат камаре мекашад. Шамъ, ки ӯ хоҷагии нур ёфт, Аз камари хидмати занбӯр ёфт.