Достони пири хиштзан
Дар тарафи Шом яке пир буд,
Чун парӣ аз халқ тарафгир буд.
Пираҳани худ зи гиё бофтӣ,
Хишт задӣ, рӯзӣ аз он ёфтӣ.
Теғзанон чун сипар андохтанд,
Дар лаҳа́д он хишт сипар сохтанд.
Ҳар кӣ ҷуз он хишт ниқобаш набуд,
Гарчи гуноҳ дошт, азобаш набуд.
Пир яке рӯз дар ин кору бор
Кор фаро пеш, дарафзуд кор.
Омад аз он ҷо, ки қазо соз кард,
Хубҷавоне сухан ороз кард:
«К-ин чӣ забунию чӣ афкандагист?
Коҳу гил ин пешаи ҳарбандагист.
Хез, мазан бар сипари хок теғ,
К-аз ту надоранд яке нон дареғ.
Қолиби ин хишт дар оташ фикан,
Хишти нав аз қолиби дигар бизан.
Чанд кулухе ба такаллуф кунӣ?
Дар гилу обе чӣ тасарруф кунӣ?
Хештан аз ҷумлаи пирон шумор,
Кори ҷавонон ба ҷавонон гузор».
Пир бад-ӯ гуфт: «Ҷавонӣ макун,
Даргузар аз кору гаронӣ макун.
Хиштзанӣ пешаи пирон бувад,
Боркашӣ кори асирон бувад.
Даст бад-ин пеша кашидам, ки ҳаст,
То накашам пеши ту як рӯз даст.
Дасткаши кас наям аз баҳри ганҷ,
Дасткаше мехӯрам аз дастранҷ.
Аз паи ин ризқ ваболам макун,
Гар на чунин аст, малолам макун».
Аз сухани пири маломатгараш