Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомии Ганҷавӣ
Низомии Ганҷавӣ

Достони пиразан бо султон Санҷар

Пиразанеро ситаме даргирифт, Даст зад домани Санҷар гирифт, К-эй малик, озарми ту кам дидаам, В-аз ту ҳамасола ситам дидаам. Шаҳна маст омада дар рӯйи ман, Зад лагаде чанд фарорӯйи ман. Бегуноҳ аз хона ба рӯям кашид, Мӯйкашон бар сари кӯям кашид. Дар ситамобод забонам ниҳод, Мӯҳри ситам бар дари хонам ниҳод. Гуфт: «Фалон нимшаб, эй кӯжпушт, Бар сари кӯйи ту фалонеро кӣ кушт?!» Хонаи ман ҷуст, ки хуни кӯҷост, Эй шаҳ, аз ин беш забуни кӯҷост? Шаҳна бувад маст, ки он хун кунад, Арбада бо пиразане чун кунад. Рағлазонон дахли вилоят баранд, Пиразанонро ба ҷиноят баранд. Он ки дар ин зулм назар доштаст, Ситри ману адли ту бардоштаст. Куфта шуд синаи маҷрӯҳи ман, Ҳеч намонад аз ману аз рӯҳи ман, Гар надҳӣ доди ман, эй шаҳриёр, Бо ту равад рӯйи шумор ин шумор. Доварӣ дод намебинамат, В-аз ситам озод намебинамат. Аз маликон қуввати ёрӣ расад, Аз ту ба мо бин, ки чӣ хорӣ расад. Моли ятимон ситудан кор нест, Бигзор, к-ин одати аҳрор нест. Бар палали пиразанон раҳ мазан, Шарм бидор аз шаллаи пиразан. Бандаву даввии шоҳи куҳн, Шоҳ най, чунки табоҳи куҳн. Шоҳ, ки тартиби вилоят кунад, Ҳукми раият ба риоят кунад.