Ҳикоёти Сулаймон бо деҳқон
Рӯзе аз он ҷо, ки фароғӣ расид,
Боди Сулаймон ба чароғе расид.
Мамлакаташ рахт ба саҳро ниҳод,
Тахт бар ин тахтаи мино ниҳод.
Дид ба навъе, ки дилаш пора гашт,
Барзгари пир дар он содадошт.
Хона зи мушти ғалла пардохта,
Дар ғалла дони карам андохта.
Донафишон гашта ба ҳар гӯшае,
Рӯста зи ҳар донаи ӯ хӯшае.
Пардаи он дона, ки деҳқон кушод,
Мантиқӣ мурғон зи Сулаймон кушод.
Гуфт: «Ҷавонмард шав, эй пирамард,
К-ин қадарат буд, бибояд х(в)ард.
Дом най, донафишонӣ макун,
Бо чу мане мурғзабонӣ макун.
Бел надорӣ, гили саҳро махӯр,
Об наёбӣ, чаври деҳқон макун».
«Мо, ки ба сероб замин коштем,
З-он чӣ бикоштем, чӣ бардоштем?
То ду дар ин мазрааи донасӯз
Ташнаву беоб чӣ орӣ бӯрӯз?»
Пир бад-ӯ гуфт: «Маранҷ аз ҷавоб,
Фориғам аз парвариши хоку об.
Бо тару бо хушк маро нест кор,
Дона зи ман, парвариш аз кирдигор.
Оби ман ин акси арақи пушти ман,
Белӣ ман ин акси сари ангушти ман.
Нест ғами мулку вилоят маро,
То манам, ин дона кифоят маро.
Донаи шоиста бибояд нахуст,
То гиреҳи дона кушояд дуруст.
Ҳар назареро, ки барафрӯхтанд,
Ҷома ба андозаи тан дӯхтанд.