Ҳикояти Нӯшервон бо вазири худ
Сайдкунон маркаби Нӯширвон
Дур шуд аз кавкабаи хусравон.
Мунис хусрав шуда дастур бас,
Хусраву дастур дигар ҳеч кас.
Шоҳ дар он ноҳияти сайдёб
Дид дехе чун дили душман хароб.
Танг ду мурғ омада дар якдигар,
В-аз дили шоҳ қофияшон тангтар.
Гуфт ба дастур: «Чӣ дам мезананд,
Чист сафире, ки ба ҳам мезананд?»
Гуфт вазир: «Эй малики рӯзгор,
Гӯям, агар шоҳ бувад омӯзгор:
Ин ду наво аз пайи ромишгарист,
Хитбае аз баҳри заношавҳарист.
Духтаре ин мурғ ба он мурғ дод,
Ширбаҳо хоҳад аз ӯ бомдод,
К-ин дехи вайрон бигзорад ба мо,
Низ чандин сипорӣ ба мо».
Он дигараш гуфт: «К-аз ин даргузар,
Чаври малик бин, биравад, ғам махӯр.
Гар малик ин аст, на бас рӯзгор
З-ин дехи вайрон диҳамат сад ҳазор».
Дар малик ин лафз чунон даргирифт,
К-оҳ бароварду фиғон даргирифт.
Даст ба сар барзаду лаҳте гирист,
(Хосили бедод ба ҷуз гиря чист?)
З-ин ситам ангушт ба дандон газид,
Гуфт: «Ситам бин, ки ба мурғон расид.
Чавр нигар, к-аз чиҳати хокён
Чуғд нишонам ба дили мокиён.
Эй мани ғофил шуда дунёпараст,
Бас ки занам бар сар аз ин кор даст.
Моли касон чанд ситонам ба зӯр?
Ғофилам аз мурдану фардои гӯр.