Бартарин сухани манзум аз Мансур
Чунки насахта сухани сарсарӣ,
Ҳаст бари гавҳариён гавҳарӣ.
Нукта нигоҳ дор, бибин, чун бувад
Нукта, ки санҷидаву мавзун бувад.
Қофиясанҷон, ки сухан баркашанд,
Ганҷи ду олам ба сухан даркашанд.
Хоса калиде, ки дари ганҷрост,
Зери забони марди сухансанҷрост.
Он ки тарозуи сухан сахта кард,
Бахтоваронро ба сухан пухта кард.
Булбули аршанд суханпарварон,
Боз чӣ монанд ба он дигарон.
З-оташи фикрат чу парешон шаванд,
Бо малак аз ҷумлаи хешон шаванд.
Пардаи розе, ки суханпарварист,
Соя аз пардаи пайғамбарист.
Пешу пасе баст сафи кибриё,
Пас шуаро омаду пеш анбиё.
Ин ду назар маҳрами як дӯстанд,
Ин ду чу мағз, он ҳама чун пӯстанд.
Ҳар рутбае, к-аз сари ин хон бувад,
Он, на сухан, порае аз ҷон бувад.
Ҷони тарошида ба минқори гил,
Фикрати хоида ба дандони дил.
Чашмаи ҳикмат, ки сухандонӣ аст,
Обшуда з-ин ду-се якнонии аст.
Он ки дар ин парда навояш ҳаст,
Хуштар аз ин ҳуҷра сарояш ҳаст.
Бо сари зонуи вилоятситон,
Сар наниҳад бар сари ҳар остон.
Чун сари зону қадами дил кунад,
Дар ду ҷаҳон даст ҳамоил кунад.
Ояд фаркаш ба саломи қадам,
Ҳалқасифат пою сар орад ба ҳам.
Дар хами он ҳалқа, ки ҷӯсташ кунад,
Ҷон шиканад, боз дурусташ кунад.
Гоҳе аз он ҳалқаи зонукарор,