Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомии Ганҷавӣ
Низомии Ганҷавӣ

Ҷунбиши аввал, ки қалам баргирифт

Ҷунбиши аввал, ки қалам баргирифт, Ҳарфи нахустин зи сухан даргирифт. Пардаи хилват чу барандохтанд, Ҷилвати аввал ба сухан сохтанд. То сухан овозаи дил дарнадод, Ҷон, тани озода ба гил дарнадод. Чун қалам омад шудан оғоз кард, Чашми ҷаҳонро ба сухан боз кард. Бе сухан овозаи олам набуд, Ин ҳама гуфтанду сухан кам набуд… Мо, ки назар бар сухан афкандаем, Мурдаи ўему бад-ў зиндаем. Дар луғати ишқ сухан ҷони мост, Мо суханем, ин талал айвони мост. Хатти ҳар андеша, ки пайвастаанд, Бар пари мурғони сухан бастаанд, Нест дар ин кўҳнаи навхезтар, Мўйшикофе зи сухан тезтар. Тоҷварон, тоҷвараш хондаанд, В-он дигарон он дигараш хондаанд… Мулки табиат ба сухан хўрдаанд, Муҳри шариат ба сухан кардаанд… К-аз сухани тозаву зарри кўҳан, Гўй, чӣ беҳ, гуфт: – Сухан беҳ, сухан… Садрнишинтар зи сухан нест кас, Давлати ин мулк суханрост бас… То сухан аст, аз сухан овоза бод, Номи Низомӣ ба сухан тоза бод!