Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомии Ганҷавӣ
Низомии Ганҷавӣ

Падаре бо писаре гуфт ба қаҳр

Падаре бо писаре гуфт ба қаҳр, Ки ту одам нашавӣ ҷони падар. Ҳайфи он умр, ки ай бе сару по, Дар раҳи тарбиятат кардам сарф. Дили фарзанд аз ин ҳарф шикаст, Бе хабар аз падараш кард сафар. Ранҷ бисёр кашиду пас аз он, Зиндагӣ гашт ба комаш чу шакар. Оқибат шӯҳрату волоӣ ёфт, Ҳокими шаҳр шуду соҳибзар. Чанд рӯзе бигузашту пас аз он, Амр фармуд ба эҳзори падар. Падараш омада аз роҳи дароз, Назди ҳоким шуду бишнохт писар. Писар аз ғояти худхоҳиву кибр, Назар афканд ба сару пои падар Гуфт: - Гуфтӣ, ки ту одам нашавӣ, Ту кунун ҳашмату ҷоҳам бинигар. Пир хандиду сараш дод такон, Гуфт ин нукта бурун шуд аз дар, Ман нагуфтам, ки ту ҳоким нашавӣ, Гуфтам одам нашавӣ, ҷони падар.