Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомии Ганҷавӣ
Низомии Ганҷавӣ

Достони маликзодаи ҷавон ва душманони пир

Қисса шунидам, ки дар ақсои Марв Буд маликзода ҷавоне чу сарв. Музтариб аз давлатиёни диёр, Мулк бар ӯ шефта чун рӯзгор. Тозагияшро куҳанон дар ситез, Пурхатар ӯ з-он хатари нимхез. Як шаб аз он фитна бар андеша хуфт, Дид, ки пиреш дар он ҳол гуфт: «К-эй моҳи нав, бурҷи куҳанро бикан, В-эй гули нав, шохи куҳанро бизан! То ба ту бар мулк муқаррар шавад, Айши ту аз хуи ту хуштар шавад». Шаҳ чу сар аз хоби гарон баргирифт, Он ду-се танро зи миён баргирифт. Тоза бино карду куҳан дарнавишт, Мулк бар он тоза, малик тоза гашт. 23 Раҳнакуни мулк сарафканда беҳ, Лашкари бадъазм пароканда беҳ. Сар накашад шохи ту аз сарвбун, То назанӣ гардани шохи куҳун. То нашавад баста лаби ҷӯйбор, Панҷаи даъвӣ накушояд чинор. То накунӣ раҳгузари чашма пок, Об назояд зи дили чашми хок. Як нафас он теғ барор аз ғилоф, Чанд ғилофаш кунӣ, эй бар хилоф? Он нафас аз ҳуққаи ин хок нест, Ин ҳаққ он ҳам нафаси пок нест. Пеши чунин кас ҳамагӣ пеш каш, Номи карам бар ҳама хеш каш. Давлатиён к-обу дирам ёфтанд, Давлати боқӣ зи карам ёфтанд. Тухми карам кишти саломат бувад, Чун биравад барг, қиёмат бувад.