Достони кӯдаки маҷруҳ
Кӯдаке аз ҷумлаи озодагон
Рафт бурун бо ду-се ҳамзодагон,
Пояш аз он пӯя даромад зи даст,
Меҳри дилу муҳраи пушташ шикаст.
Шуд нафаси он ду-се ҳамсоли ӯ
Тангтар аз ҳодисаи ҳоли ӯ.
Он кӣ варо дӯсттарин буд, гуфт:
«Дар буни чоҳеш бибояд нуҳуфт,
То нашавад роз чу рӯз ошкор,
То нашавем аз падараш шармсор».
Оқибатандештарин кӯдаке
Душмани ӯ буд аз эшон яке.
Гуфт: «Ҳамоно ки дар ин ҳамраҳон
Сурати ин ҳол намонад ниҳон.
Чунки маро з-ин ҳама душман ниҳанд,
Туҳмати ин воқеа бар ман ниҳанд».
Зи падараш рафту хабар дод зуд,
То падараш чора ба тадбир ҷуст.
Ҳар кӣ дар ӯ ҷавҳари доноӣ аст,
Бар ҳама чизеш тавоноӣ аст.
Банди фалакро кӣ тавонад кушод?
Он кӣ бар ӯ пой тавонад ниҳод.
Чун зи каму беши фалак даргузашт,
Кори Низомӣ зи фалак баргузашт.