Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомии Ганҷавӣ
Низомии Ганҷавӣ

Достони Ҷамшед бо хоссагии маҳрам

Хоссагие маҳрами Ҷамшед буд, Хостар аз моҳ ба хуршед буд. Кори ҷавонмард бад-он даркашид, К-аз ҳама олам маликаш баркашид. Чун ба вусуқ аз дигарон гӯй бурд, Шоҳ хазина ба дарунаш супурд. Бо ҳама наздикии шоҳ он ҷавон Дуртарӣ ҷуст чу тир аз камон. Рози малик ҷони ҷавонмард суфт, Бо касе он роз наёрист гуфт. Пирзане раҳ ба ҷавонмард ёфт, Лолаи ӯ чун гули худ зард ёфт. Гуфт, ки: «Сарво, чӣ хазон хӯрдай, К-об зи ҷӯи маликон хӯрдай. Зард чарой, на ҷафо мекашӣ? Тангдилӣ чист, дар ин дил чӣ кашӣ? Бар ту ҷавон гунаи пирӣ чарост? Лолаи рухсори ту хайрӣ чарост? Шоҳи ҷаҳонро чу туй роздон, Рух бикушо чун дили шоҳи ҷаҳон. Сурх шавад рӯи раият зи шоҳ, Хосса рухи хоссагиёни сипоҳ». Гуфт ҷавон: «Рои ту з-ин ғофил аст, Бехабарӣ з-он чӣ маро дар дил аст. Сабр маро ҳамнафаси дард кард, Рӯи маро сабр чунин зард кард. Шоҳ ниҳодаст ба миқдори хеш Дар дили ман гавҳари асрори хеш. Ҳаст бузург он чӣ дар ин дил ниҳод, Рози бузургон натавонам кушод. Дар суханаш дил на чунон бастаам, К-аз сари кам кори забон бастаам. З-он накунам бо ту сари ҳайдa боз, То зи забон барнапарад мурғи роз. Гар зи дил ин роз на берун шавад, Дил ниҳам онро, ки дилам хун шавад. В-ар бикунам рози шаҳон ошкор, Бахт хӯрад бар сари ман зинҳор».