Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомии Ганҷавӣ
Низомии Ганҷавӣ

Достони Ҳоррунурашид бо Ҳаҷҷом

Даври хилофат чу ба Ҳорун расид, Рояти Аббос ба гардун расид. Нимшабе пушт ба ҳамхоба кард, Рӯй дар осоиши гармоба кард. Мӯйтароше, ки сараш месутурд, Мӯй ба мӯяш ба ғаме месупурд: «К-эй шуда огоҳ зи устодиям, Хос кун имрӯз ба домодиям. Хитбаи тазвиҷ пароканда кун, Духтари худ номзади банда кун». Табъи халифа қадре гарм гашт, Бозпазирандаи озарм гашт. Гуфт: «Ҳарорат ҷигараш тофтаст, Ваҳшате аз даҳшати ман ёфтаст. Бехудияш кард чунин ёвагӯй, Варна накардӣ зи ман ин ҷустуҷӯ». Рӯзи дигар нектараш озмуд, Бар дираме қалб ҳамон сикка буд. Таъҷибаташ кард чунин чанд бор, Қоидаи мард нагашт аз қарор. Кор чу беравнақӣ аз нур бурд, Қисса ба дастурии дастур бурд: «К-аз қалами мӯйтароше дуруст Бар сарам ин омаду ин сир ба туст. Мансаби домодии ман боядаш, Тарки адаб бин, ки чӣ фармоядаш. Дар даҳанаш ханҷару дар даст теғ, Ҳар гаҳе к-ояд чу қазо бар сарам, Сар ба ду шамшер супорам, дареғ, Санг занад бар ману бар гавҳарам». Гуфт вазир: «Эминӣ аз рои ӯ Бар сари ганҷ аст, магар пои ӯ. Чунки расад бар сарат он содамард, Гӯ, зи қадамгоҳи нахустин бигард. Гар бичаҳад, гардани гарро бизан, Вар на, қадамгоҳи нахустин бикан». Мирмутеъ аз сари тавъе, ки буд, Ҷой бадал кард ба навъе, ки буд.