Достони булбул ва боз
Дар чамани боғ чу гулбун шукуфт,
Булбуле бо боз даромад ба гуфт:
— «К-аз ҳама мурғон туӣ хомӯшсор,
Гӯй, чаро бурдаӣ охир шикор?
То туӣ лаббаста, кушодӣ нафас,
Як сухани нағз нагуфтӣ ба кас.
Манзили ту дастгаҳи санҷарӣ,
Туъмаи ту синаи кабки дарӣ.
Ман як-як, чашмзада аз кони ғайб,
Сад гуҳари нағз барорам зи ҷайб.
Туъмаи ман кирми шикорӣ чарост?
Хонаи ман бар сари хоре чарост?»
Боз бад-ӯ гуфт: «Ҳама гӯш бош,
Хомӯшиям бин, ту ҳам хомӯш бош.
Ман, ки шудам коршинос андаке,
Сад кунам, аммо нагӯям яке.
Рав, ки туӣ шефтаи рӯзгор,
З-он ки яке накнию гӯйӣ ҳазор.
Ман, ки ҳама маъниям, ин сайдгоҳ
Синаи кабкам диҳаду дасти шоҳ.
Чун ту ҳама захмзабонӣ тамом,
Кирмхуру хокнишинӣ, вассалом!»
Хутба чу бар номи Фаридун кунанд,
Гӯш бар овози духул чун кунанд?
Субҳ, ки бо бонги хурус асту бас,
Хандае аз роҳи фусус асту бас.
Бармакаш овозаи назми баланд,
То чу Низомӣ нашавӣ шаҳрбанд.