Достони пир ва мурид
Раҳраве аз ҷумлаи пирони кор
Мешуду бо пир муриде ҳазор.
Пир дар он бодия як боди пок
Дод бизоат ба амонони хок.
Ҳар як аз он остине барфишонд,
То ҳама рафтанду яке шахс монд.
Пир бад-ӯ гуфт: «Чӣ афтодат рой,
К-он ҳама рафтанду ту мондӣ ба ҷой?»
Гуфт мурид: «Эй дили ман ҷойи ту,
Тоҷи сарам хоки кафи пои ту.
Ман на ба бод омадам аввал нафас,
То ба ҳамон бод шавам боз пас.
Мунтазири дод ба доде шавад,
В-омади бод ба боде шавад.
Зудраву зуднишин шуд ғубор,
З-он ба яке ҷой надорад қарор.
Кӯҳ ба оҳистагӣ омад ба ҷой,
Аз сари он аст чунин дерпой.
Пардадарӣ пешаи даврон бувад,
Боркашӣ кори сабурон бувад.
Боркашӣ зӯҳд шав, ар тар най,
Бори табиат макаш, ар хар най.
То хати зӯҳди ту музаввар нашуд,
Дида бад-ӯ тар шуду ӯ тар нашуд.
Зӯҳд, ки дар заркаши султон бувад,
Қиссаи занбилу Сулаймон бувад.
Шамъ, ки ҳар шаб ба зарафшонӣ аст,
Зери кабо зоҳиди пинҳонӣ аст.
Зӯҳд ғариб аст ба майхона-дар,
Ганҷ азиз аст ба вайрона-дар.
Зӯҳди Низомӣ, ки тирози ҳуш аст,
Зернишини амали заркаш аст.