Достони мӯбади соҳибназар
Мӯбаде аз кишвари Ҳиндустон
Раҳгузаре кард сӯйи бӯстон.
Марҳалае дид мунаққаш-рабод,
Мамлакате ёфт музаввар-бисот.
Ғунча ба хун баста чу гардун камар,
Лолаи камумр зи худ бехабар.
Аз чаман ангехта гул ранг-ранг,
В-аз шакар омехта май танг-танг.
Гул чу сипар хастаи пайкони хеш,
Бед ба ларза шуда бар ҷони хеш.
Зулфи бунафша расани гарданаш,
Дидаи наргис дирами доманаш.
Лола гуҳарсудаву фирӯза гул,
Якнафаса лолаву якрӯза гул.
Муҳлаташон як нафасе беш нест,
Ҳеҷ касе оқибатандеш нест.
Пир чу з-он равзаи минӯ гузашт,
Баъди маҳе чанд бад-он сӯ гузашт.
З-он гулу булбул, ки дар он боғ дид,
Нолаи муште зағану зоғ дид.
Дӯзахӣ афтода ба ҷойи биҳишт,
Қайсари он қаср шуда дар куништ.
Сабза ба таҳлил бухоре шуда,
Дастаи гул пуштаи хоре шуда.
Пир дар он тезравон бингарист,
Бар ҳама хандид, ба худ баргирифт.
Гуфт: «Ба ҳангоми намояндaгӣ
Ҳеҷ надорад сари пояндагӣ.
Ҳар чӣ сар аз хоки обӣ кашад,
Оқибаташ сар ба харобӣ кашад.
Беҳ зи харобӣ чу дигар кӯй нест,
Ҷуз ба харобӣ шуданам рӯй нест.»
Чун назар аз биниши тавфиқ сохт,
Орифи худ гашту Худоро шинохт.
Сайрафии гавҳари он роз шуд,
То ба адам сӯйи гуҳар боз шуд.
Эй ки мусулмонӣю габрӣ нест,
Чашмаӣ, қатраи абрӣ нест.