Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомии Ганҷавӣ
Низомии Ганҷавӣ

Достони зоҳиди тавбашикан

Масҷиде бастаи офот шуд, Муътакифи кӯйи харобот шуд. Май ба даҳан бурду чу май мегирист, К-эй мани бечора, маро чора чист? Мурғи ҳаво дар дилам ором кард, Донаи тасбеҳ маро дом кард. Каъба маро раҳзани авқот буд, Хонаи аслим харобот буд. Толиб бад буду бадахтар шудам, Номзади кӯйи қаландар шудам. Чашми адаб зери ниқоб аз ман аст, Кӯйи харобот, хароб аз ман аст. Танг чаҳон бар мани маҳҷур бод, Гарди ман аз домани ман дур бод. Гар на қазо буд ману лот кай? Масҷидию кӯйи харобот кай? Ҳиммат аз он чо, ки назар карда буд, Гуфт ҷавоне, ки дар он парда буд: К-ин равиш аз роҳи қазо дур дор! Чун ту қазоро ба ҷабе сад ҳазор. Бар дари узр ою гуноҳро бишӯй, Он гаҳ аз ин гуна ҳадисе бигӯй. Чун ту равӣ узрпазирӣ баранд, В-ар на худ оянду асирӣ баранд. Сабза чаридан забари хок бас, Найшакари сабзи ту афлок бас. То набарад хобат аз ӯ гӯша кун, Андаке аз баҳри адам тӯша кун! Хуш набувад дида ба хуноб-дар, Зиндаву мурда ба яке хоб-дар. Дин, ки туро дид чунин масти хоб, Чеҳра ниҳон кард ба зери ниқоб». Хез, Низомӣ, ки малик барнишаст, Нимшаб ин чо шавӣ пойбаст!