Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомии Ганҷавӣ
Низомии Ганҷавӣ

Достони сагу сайёд ва рӯбоҳ

Сайдгаре буд аҷаб тезбин, Бодияпаймою мароҳилгузин. Шерсаге дошт, ки чун рӯ гирифт, Сояи хуршед ба оҳу гирифт. Саҳмзада каркадан аз гарданаш, Гӯр зи дандони гавазнафканаш. Дар сафараш мунису ёр омада, Чанд шабонрӯз ба кор омада. Буд дили меҳрфурӯзаш бад-ӯ, Поси шабу рӯзии рӯзаш бад-ӯ. Гашт гум он шерсаг аз шерамард, Мард бар он дил, ки ҷигар гӯр х(в)ард. Гуфт: «Дар ин раҳ, ки миёнчӣ қазост, Пои сагеро сари шере бихост. Гарчи дар ин ғам ҷигар аз ҷон гирифт, Ҳам ҷигари хеш ба дандон гирифт». Собирие, к-он на ба ӯ буд, кард, Ҳар ҷави сабраш дираме суд кард. Танзкунон рӯбоҳе омад зи дур, Гуфт: «Сабурӣ макун, эй носабур! Мешунавам, к-он ба ҳунар так намонд, Бод бақои ту, гар он саг намонд! Дӣ, ки зи пеши ту ба нахчир шуд, Тезтакӣ карду адамгир шуд. Ин ки саг имрӯз шикори ту кард, То ду маҳат бас бувад, эй шерамард! Хезу кабобе ба дили хеш деҳ, Мағз ту хур, пӯст ба дарвеш деҳ». Чарбхуриш буд туро пеш аз ин, Рӯбоҳи фарбеҳ нахӯрӣ беш аз ин. Эминӣ аз равғани аъзои мо, Раст мизоҷи ту зи сафройи мо. Дурӣ аз ӯ ин чӣ ҷигархорӣ аст? Ғам нахӯрӣ, ин чӣ ҷигархорӣ аст?» Сайдгараш гуфт: «Шаб обист аст,