Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомии Ганҷавӣ
Низомии Ганҷавӣ

Дар фазилати одамӣ бар ҳайвонот

Эй ба замин-бар чу фалак нозанин, Нозкашат дам фалаку ҳам замин. Кори ту з-он ҷо, ки хабар доштӣ, Бартар аз он шуд, ки ту пиндоштӣ. Аввал аз он доя, ки парвардаӣ, Шир нахурдӣ, ки шакар хурдаӣ. Некӯият бояд, к-афзун бувад, Некӯйӣ афзунтар аз ин чун бувад? К-аз сари он хома, ки хоридаанд, Нағз нигорит нигоридаанд. Риштаи ҷон бар ҷигарат бастаанд, Гавҳари тан бар камарат бастаанд. Беҳ, ки заифӣ, ки дар ин марғзор Оҳуи фарбеҳ надавад бо низор. Ҷонвароне, ки ғуломи туанд, Мурғи алафхори донаи туанд. Чун ту ҳумой, шарафи кор бош, Кам хуру кам гӯю камозор бош. Ҳар кӣ ту бинӣ зи сафеду сиёҳ, Бар сари корест дар ин коргоҳ. Ҷуғд, ки шум аст ба афсона-дар, Булбули ганҷ аст ба вайрона-дар. Ҳар чӣ дар ин парда нишониш ҳаст, Дархури тан қимати ҷониш ҳаст. Гарчи зи баҳри ту ба гавҳар каманд, Чун ту ҳама гавҳарии оламанд. Бешу камеро, ки кашӣ дар шумор, Ранҷ ба қадри диёташ чашм дор. Неку бади мулк ба кори туанд, Дар баду нек оинадори туанд. Кафш диҳӣ, боз диҳандат кулоҳ, Парда дарӣ, парда дарандат чу моҳ. Хезу макун пардадарӣ субҳвор, Ту чу шабат ном бувад пардадор. Пардаи занбур гули сурӣ аст, В-они ту ин пардаи занбурӣ аст.