Ҳикоят
Шунидастам, ки давлатпешае буд,
Ки бо Юсуфрухе андешае буд.
Чунон дар кори он дилдор дил баст,
Ки аз тимори кори хештан раст.
Чунон дар дил нишонд он дилситонро,
Ки бо ҷонаш мусалсал кард ҷонро.
Гараш сад бор бахшидандӣ аз нур,
Набурдӣ миннати як хӯша ангур.
Чу додандӣ гуле бар дасти ёраш,
Рух аз шодӣ шудӣ чун навбаҳораш.
Ба ҳукми он ки ёр ӯро чу ҷон буд,
Мудом аз шодии ӯ шодмон буд.
Муроди шоҳ, ки мақсуди ҷаҳон аст,
Ба айниҳ бо бародар ҳамчунон аст.
Мабод ин дурҷи давлатро навардe,
Маяфтон андар ин нӯшоб гарде...
Ба қадри он ки бод аз зулфи мушкин
Гаҳе Ҳиндустон созад, гаҳе Чин.
Ҳама туркони Чин боданд ҳиндуш,
Мабод аз чиниён чине бар абруш.
Ҳасудаш бастаи банди ҷаҳон бод,
Чу гардад дӯст, басташ парниён бод.