Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомии Ганҷавӣ
Низомии Ганҷавӣ

Афсона гуфтани Хусраву Ширин ва Шопуру духтарон

Малик дар тахти Афредун нишаста, Дил андар киблаи Ҷамшед баста. Фурӯғи рӯйи Ширин дар димоғаш Фароғат дода аз шамъу чароғаш. Насими сабзаю бӯйи райоҳин Паём оварда аз Хусрав ба Ширин: «К-аз ин хуштар шабе хоҳад расидан? В-аз ин шодобтар бӯе дамидан? Чаро чандин висол аз дур бинем, Маҳи рухсори худ бенур бинем? В-агар хунем, хунат чун наҷӯшад? Ҳавое муътадил, чун хуш нахандем? Тануре гарм, нон чун дарнабандем? В-агар ҷӯшад, ба ман бар чанд пӯшад? На ҳар рӯзе зи нав рӯяд баҳоре, На ҳар соат ба дом ояд шикоре. Ба ақл он беҳ, ки рӯзи хӯрда бошад, Ки бешак кори карда карда бошад. Басо нон, к-аз паи сайёд бурданд, Чу дидӣ моҳию муррон-ш хӯрданд. Масал зад гург, чун рӯбоҳ дағо буд: Талаб ман кардаму рӯзӣ туро буд». Аз ин фикрат, ки бо он моҳ мерафт, Чу моҳ он офтоб аз роҳ мерафт. Дигар раҳ девро дар банд медошт, Фаришта-ш бар сари савганд медошт. Аз ин сӯ тахти шоҳаншоҳ ниҳода, Висоқе чанд бар пой истода. Ба хидмат пеши чашми шоҳ Шопур Чу пеши ганҷи бодоварда ганҷур. В-аз он сӯ офтоби бутпарастон Нишаста гирди ӯ даҳ норпистон: Фарангису Суҳайли сарвболо, Аҷабнӯшу Фалакнозу Ҳумайло,