Афсонасарии даҳ духтар
Фарангис аввалин маркаб равон кард:
«Ки давлат дар замин ганҷе ниҳон кард.
Аз он давлат Фаридунӣ хабар дошт,
Заминро боз кард, он ганҷ бардошт».
Суҳайли симтан гуфто: «Тазарве
Ба бозӣ буд дар поини сарве.
Фурӯд омад яке шоҳин ба шабгир,
Тазарви нозанинро кард нахчир».
Аҷабнӯши шакарпосух чунин гуфт:
«Ки анбарбӯ гуле дар боғ бишкуфт.
Биҳиштӣ мурғе омад сӯи гулзор,
Рабуд он анбарин гулро ба минқор».
Аз он беҳ достоне зад Фалакноз:
«Ки моро буд як чашм аз ҷаҳон боз.
Ба мо чашме дигар кард ошноӣ,
Ду беҳ бинад зи чашме рӯшноӣ».
Ҳумайло гуфт: «Обе буд равшан,
Равон гашта миёни сабз гулшан.
Ҷавоншере баромад ташна аз роҳ,
Бад-он чашма даҳон тар кард ногаҳ».
Ҳумоюн гуфт: «Лаъле буд коне
Зи ғоратгоҳи байёнон ниҳоне.
Даромад давлати шоҳӣ ба тороҷ,
Ниҳад он лаълро бар гӯшаи тоҷ».
Сумантуруки суманбар гуфт: «Як рӯз
Ҷудо гашт аз садаф дурре шабафрӯз.
Фалак дар иқди шоҳӣ банд кард-аш,
Ба ёқуте дигар пайванд кард-аш».
Паризоди парирух гуфт: «Моҳе
Ба бозӣ буд дар нахчиргоҳе.
Баромад офтобе з-осмон пеш,