Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомии Ганҷавӣ
Низомии Ганҷавӣ

Панди Ширин ба Хусрав дар доду дониш

Ба нузҳат буд рӯзе бо дилафрӯз, Сухан дар доду дониш мешуд он рӯз. Замин бӯсид Ширин: «К-эй худованд, Зи ромиш сӯи дониш куш якчанд. Басе кӯшидаӣ дар комронӣ, Басе дигар ба коми дил биронӣ. Ҷаҳонро кардаӣ аз неъмат обод, Харобаш чун тавон кардан ба бедод? Чу он гове, ки аз вай шир хезад, Лагад дар шир гирад, то бирезад, Ҳазар кун з-он ки ногаҳ дар камине Дуое бад кунад хилватнишине. Зане пир аз нафасҳои ҷавона Занад тире саҳаргоҳ бар нишона. Надорад судат он гаҳ бонгу фарёд, Ки нафрин дода бошад мулк барбод. Басо ойина, к-андар дасти шоҳон Сиёҳ гашт аз нафири додхоҳон. Чу давлат рӯй баргардонад аз роҳ, Ҳама коре на бар мавқеъ кунад шоҳ. Чу барги боғ гирад нотавонӣ, Хабар пешин барад боди хазонӣ... Чу селе рехтан хоҳад ба анбӯҳ, Бигуррад кӯҳи абр аз сари кӯҳ. Тагарге, к-ӯ занад гашниз бар хок, Расад худ бӯйи гашнизаш бар афлок. Дарахте, к-аввал аз пайванд каҷ хост, Нашояд ҷуз ба оташ карданаш рост. Ҷаҳонсӯзӣ бад асту ҷаврсозӣ, Туро беҳ, гар раиятро навозӣ. Аз он тарсам, ки гардад ин масал рост, Ки он шоҳ гуфт, к-ӯро кас намехост. Куҳан давлат чу бошад дерпайванд,