Ошиқ шудаам бар ту тадбир чӣ фармоӣ?
Ошиқ шудаам бар ту тадбир чӣ фармоӣ?
Аз роҳи салоҳ оям, ё аз раҳи расвоӣ?
То ҷону дилам бошад, чун ҷону дилат ҷӯям,
Ё ман ба канор афтам ё ту ба миён оӣ?
Дар дӯстият шаҳре гаштанд маро душман,
Бар ман, кӣ кунад раҳмат гар ҳам ту набахшоӣ?
Ҳарҷо, ки туро бинам, дасти ману зулфи ту,
Донӣ, ки қалам набвад бар ошиқи савдоӣ?
З-ин сон, ки манам бе ту дур аз ту мабодо кас,
На дастрасе бар ту на бе ту шикебоӣ.