Шеърҳо бо теги: ишқи илоҳӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ишқи илоҳӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Саҳаргоҳон, ки булбул бар гул оӣ,
Саҳаргоҳон, ки булбул бар гул оӣ, Ашки чашмам ба домон гул-гул оӣ. Равам, дар пои гул афғон карам сар, Ки ҳар сӯтадиле дар ғулғул оӣ.
Илоҳӣ, эй фалак, чун му забун шӣ,
Илоҳӣ, эй фалак, чун му забун шӣ, Дилат ҳамчун дили му ғарқи хун шӣ. Агар як лаҳзаам беғам бубинӣ, Яқин дунам, к-аз ин ғам сарнигун шӣ.
Худоё, дил зи му бистон ба зорӣ,
Худоё, дил зи му бистон ба зорӣ, Намеоя зи му бемордорӣ. Намедунам, лаби лаълат ба хунам Чаро ташна-ст бо ин обдорӣ.
Дили ту кай зи ҳолам бохабар бӣ,
Дили ту кай зи ҳолам бохабар бӣ, Куҷо раҳмат ба ин хунинҷигар бӣ. Та, ки хунинҷигар ҳаргиз набудӣ, Кай аз хунинҷигарҳо бохабар бӣ?
Му он испедбозам Ҳаммадонӣ,
Му он испедбозам Ҳаммадонӣ, Лона дар кӯҳ дорам, дар ниҳонӣ. Ба боли худ парам кӯҳон ба кӯҳон, Ба чанги худ карам нахчирбонӣ.
Яқинам ҳосила, ки ҳарзагардӣ,
Яқинам ҳосила, ки ҳарзагардӣ, Аз ин гардиш, ки дорӣ, барнагардӣ. Ба рӯи му бибастӣ ҳар раҳеро, Бад-ин одат, ки дорӣ, кай та мардӣ.
Сияҳбахтам, ки бахтам вожгун бӣ,
Сияҳбахтам, ки бахтам вожгун бӣ, Сияҳрӯзам, ки рӯзам тирагун бӣ. Худам меҳнаткаши кӯи муҳаббат, Зи дасти дил, ки ё раб, ғарқи хун бӣ!
Ҳама банди танам монанди най бӣ,
Ҳама банди танам монанди най бӣ, Мудомам дарди ҳиҷронат зи пай бӣ. Маро сӯзу гудоза то қиёмат, Худо дуна, қиёмат то ба кай бӣ.
Бало бӣ дил, Худоё, дил бало бӣ,
Бало бӣ дил, Худоё, дил бало бӣ, Гунаҳ чашмон кару дил мубтало бӣ. Агар чашмон накардӣ дидабонӣ, Чӣ донистӣ дилам, хубон куҷо бӣ?
Хушо онон, ки Аллаҳ ёрашон бӣ,
Хушо онон, ки Аллаҳ ёрашон бӣ, Ки ҳамду «Қулҳуваллаҳ» корашон бӣ. Хушо онон, ки доим дар намозанд, Биҳишти ҷовидон бозорашон бӣ.
Аз он рӯзе, ки моро офаридӣ,
Аз он рӯзе, ки моро офаридӣ, Ба ғайр аз маъсият чизе надидӣ. Худовандо, ба ҳаққи ҳашту чорат Зи му бигзар, шутур дидӣ, надидӣ.
Гарам рунӣ, в-арам хунӣ, та дунӣ,
Гарам рунӣ, в-арам хунӣ, та дунӣ, В-арам охир бисӯзонӣ, та дунӣ. В-арам бар сар ниҳӣ Алванду Майманд, Ҳамевожам, Худо, дунӣ, та дунӣ.
Ғами ишқат зи ганҷи ройгон беҳ.
Ғами ишқат зи ганҷи ройгон беҳ. Висоли та зи умри ҷовидон беҳ. Кафе аз хоки кӯят, дар ҳақиқат, Худо дуна, ки аз кавну макон беҳ.
Ғамам бе ҳадду дардам бешумора,
Ғамам бе ҳадду дардам бешумора, Фиғон, к-ин чораву дармун надора. Худовандо, надуна носеҳи му, Ки фарёди дилам беихтиёра.
Дарахти ғам ба ҷонам карда реша,
Дарахти ғам ба ҷонам карда реша, Ба даргоҳи Худо нолам ҳамеша. Азизун, қадри якдигар бидунед, Аҷал санг асту одам мисли шиша.
Ғаму дарди дили ту беҳисоба,
Ғаму дарди дили ту беҳисоба, Худо дуна, ки мурғи дил кабоба. Бинозам дасту бозуи та, ҷаллод, В-агар қатлам карӣ, валлаҳ, савоба.
Бура, бура, ки ҷононам туӣ, ту,
Бура, бура, ки ҷононам туӣ, ту, Бура, бура, ки султонам туӣ, ту. Та худ зунӣ, ки ғайр аз ту назунам, Бура, бура, ки имонам туӣ, ту.
Шаве набвад, ки дил пурғам намебу,
Шаве набвад, ки дил пурғам намебу, Ки он дилбар даме ҳамдам намебу. Ҳазорон раҳмати ҳақ бод бар ғам, Замоне аз дили му кам намебу.
Шави торат бувинам тор- тору,
Шави торат бувинам тор- тору, Гирифта зулматаш ҳар бурҷу бору. Худоё, рӯшноӣ бар дилам деҳ, Ки то бинам ҷамоли ҳашту чору.
Ба валлоҳӣ, ки ҷононам туӣ, ту,
Ба валлоҳӣ, ки ҷононам туӣ, ту, Ба султони араб, ҷонам туӣ, ту. Намедунам, ки чунам ё ки чандам, Ҳамедунам, ки дармонам туӣ, ту.
Агар мастони мастем, аз та имон,
Агар мастони мастем, аз та имон, Агар бе пову дастем, аз та имон. Агар ҳинду, агар габр, ар мусалмон, Ба ҳар миллат, ки ҳастем, аз та имон.
Бура, эй рӯи та боғу баҳорам,
Бура, эй рӯи та боғу баҳорам, Хаёлат мӯниси шабҳои торам. Худо дуна, ки дар дунёи фонӣ Ба ғайр аз ишқи та коре надорам.
Бар сар ғайри та савдое надирам,
Бар сар ғайри та савдое надирам, Ба дил ҷуз та таманное надирам. Худо зуна, ки дар бозори ишқат Ба ҷуз ҷун ҳеч колое надирам.
Бар сар шавқи сари кӯи та дирам,
Бар сар шавқи сари кӯи та дирам, Ба дил меҳри маҳи рӯи та дирам. Бути ман, Каъбаи ман, қиблаи ман, Таӣ ҳар сӯ, назар сӯи та винам.
Сари кӯи ту то чанд ояму шам,
Сари кӯи ту то чанд ояму шам, Зи васлат бенаво чанд ояму шам? Сари кӯят барои дидани ту, Натарсӣ аз Худо, чанд ояму шам?!