Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Неру Эроншо
Неру Эроншо

Куҷоӣ, ту эй шоҳи олампаноҳ?!

Куҷоӣ, ту эй шоҳи олампаноҳ?! Ба дидори ту шудам мубталоҳ. Сафар ман надорам ба ҳангоми рӯз, Туро ҷуста ман дар шаби сип-сиёҳ. Хамӯшам, чаро фикри фардо кунам? Ки ёди ту бошад бароям сабоҳ. Заминро куҷост, ҷойи ман ёварам? Ҳамин хони ту бошадам сарпаноҳ. Ҳувайдои ман, дурри баҳри сиришт, Суханҳои покат ба монанди роҳ. Туро они дил гӯямат ончунон, Ки дил ғайри ту дарнахоҳад сипоҳ. Нагуфтам, ки дигар нахоҳам бирафт ? Муридони ту ҳозиранд баҳри шоҳ. Сари назм омад сухан баҳри ту, Ки Неру бихонад бароят маддоҳ.