Шеърҳо бо теги: динӣ
Шеърҳои марбут ба теги «динӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дило шарманда аз ҳоли табоҳам
Дило шарманда аз ҳоли табоҳам, Ки гоҳ барда ва ё ин ки ғуломам. На бишнидам, на дидам ман ҳақиқат, Аз ин рӯ дар фалак ман бесароям.
Ошиқ шудаам, ҳазрати ишқам, ту куҷоӣ?
Ошиқ шудаам, ҳазрати ишқам, ту куҷоӣ? Маъшуқ куҷоӣ, ки зи худ ҷилва намоӣ? Аз роҳу пайи кори ту сад нома бихондам, Дар номаи қалбам ту чаро тикка намоӣ?
Ба баёни соз гӯям
Ба баёни соз гӯям, зи ту роз-роз гӯям, Агараш бидидам инро, ба ту сад баёз гӯям. Ба даруни синаи худ ба муколамотаму лек, Мукаллам агар шавам з-ин, зи ту сад на
Оташ гирён дорам дар бағал
Оташ гирён дорам дар бағал, Мекунад сӯзиш маро дар умқи сар. Бор Яздонам туро мекобаму, Бо ду чашми кӯри худ кобам назар.
Чашми висолу васли ту бод асту ман ҳаво
Чашми висолу васли ту бод асту ман ҳаво, Ишқу ҷамолу ҳусни ту танбӯру ман наво. Дар ин рабоб появу ангушти тор туӣ, Ҳар тору нолаи ту мақоманду ман садо.
Куҷоӣ, ту эй шоҳи олампаноҳ?!
Куҷоӣ, ту эй шоҳи олампаноҳ?! Ба дидори ту шудам мубталоҳ. Сафар ман надорам ба ҳангоми рӯз, Туро ҷуста ман дар шаби сип-сиёҳ.
Аккос ба ман нигар, ки аксат, барҳақ рухи моҳтоб дорад
Аккос ба ман нигар, ки аксат, барҳақ рухи моҳтоб дорад, Ман акси дигар нахоҳамаш дид, зеро ки ҷилои тоб дорад. Мекӯшаму гӯш барнадорам аз ҳар сухане, ки боз гу
Моро зи ғами ёр олами ғам бар душ аст
Моро зи фироқи ёр, олами ғам бар душ аст Дарди сари мо зи дарди оламгири туст! Ҳар кас соате бо мо ҳамдарди кунад Канад бечора зи худ ҷумла мӯю сару пуст
Худоё, дил зи му бистон ба зорӣ,
Худоё, дил зи му бистон ба зорӣ, Намеоя зи му бемордорӣ. Намедунам, лаби лаълат ба хунам Чаро ташна-ст бо ин обдорӣ.
Сияҳбахтам, ки бахтам вожгун бӣ,
Сияҳбахтам, ки бахтам вожгун бӣ, Сияҳрӯзам, ки рӯзам тирагун бӣ. Худам меҳнаткаши кӯи муҳаббат, Зи дасти дил, ки ё раб, ғарқи хун бӣ!
Ҳама банди танам монанди най бӣ,
Ҳама банди танам монанди най бӣ, Мудомам дарди ҳиҷронат зи пай бӣ. Маро сӯзу гудоза то қиёмат, Худо дуна, қиёмат то ба кай бӣ.
Бало бӣ дил, Худоё, дил бало бӣ,
Бало бӣ дил, Худоё, дил бало бӣ, Гунаҳ чашмон кару дил мубтало бӣ. Агар чашмон накардӣ дидабонӣ, Чӣ донистӣ дилам, хубон куҷо бӣ?
Хушо онон, ки Аллаҳ ёрашон бӣ,
Хушо онон, ки Аллаҳ ёрашон бӣ, Ки ҳамду «Қулҳуваллаҳ» корашон бӣ. Хушо онон, ки доим дар намозанд, Биҳишти ҷовидон бозорашон бӣ.
Аз он рӯзе, ки моро офаридӣ,
Аз он рӯзе, ки моро офаридӣ, Ба ғайр аз маъсият чизе надидӣ. Худовандо, ба ҳаққи ҳашту чорат Зи му бигзар, шутур дидӣ, надидӣ.
Гарам рунӣ, в-арам хунӣ, та дунӣ,
Гарам рунӣ, в-арам хунӣ, та дунӣ, В-арам охир бисӯзонӣ, та дунӣ. В-арам бар сар ниҳӣ Алванду Майманд, Ҳамевожам, Худо, дунӣ, та дунӣ.
Ғами ишқат зи ганҷи ройгон беҳ.
Ғами ишқат зи ганҷи ройгон беҳ. Висоли та зи умри ҷовидон беҳ. Кафе аз хоки кӯят, дар ҳақиқат, Худо дуна, ки аз кавну макон беҳ.
Ғамам бе ҳадду дардам бешумора,
Ғамам бе ҳадду дардам бешумора, Фиғон, к-ин чораву дармун надора. Худовандо, надуна носеҳи му, Ки фарёди дилам беихтиёра.
Дарахти ғам ба ҷонам карда реша,
Дарахти ғам ба ҷонам карда реша, Ба даргоҳи Худо нолам ҳамеша. Азизун, қадри якдигар бидунед, Аҷал санг асту одам мисли шиша.
Ғаму дарди дили ту беҳисоба,
Ғаму дарди дили ту беҳисоба, Худо дуна, ки мурғи дил кабоба. Бинозам дасту бозуи та, ҷаллод, В-агар қатлам карӣ, валлаҳ, савоба.
Бура, бура, ки ҷононам туӣ, ту,
Бура, бура, ки ҷононам туӣ, ту, Бура, бура, ки султонам туӣ, ту. Та худ зунӣ, ки ғайр аз ту назунам, Бура, бура, ки имонам туӣ, ту.
Шави торат бувинам тор- тору,
Шави торат бувинам тор- тору, Гирифта зулматаш ҳар бурҷу бору. Худоё, рӯшноӣ бар дилам деҳ, Ки то бинам ҷамоли ҳашту чору.
Агар мастони мастем, аз та имон,
Агар мастони мастем, аз та имон, Агар бе пову дастем, аз та имон. Агар ҳинду, агар габр, ар мусалмон, Ба ҳар миллат, ки ҳастем, аз та имон.
Бура, эй рӯи та боғу баҳорам,
Бура, эй рӯи та боғу баҳорам, Хаёлат мӯниси шабҳои торам. Худо дуна, ки дар дунёи фонӣ Ба ғайр аз ишқи та коре надорам.
Бар сар ғайри та савдое надирам,
Бар сар ғайри та савдое надирам, Ба дил ҷуз та таманное надирам. Худо зуна, ки дар бозори ишқат Ба ҷуз ҷун ҳеч колое надирам.
Бар сар шавқи сари кӯи та дирам,
Бар сар шавқи сари кӯи та дирам, Ба дил меҳри маҳи рӯи та дирам. Бути ман, Каъбаи ман, қиблаи ман, Таӣ ҳар сӯ, назар сӯи та винам.
