Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Неру Эроншо
Неру Эроншо

Ба баёни соз гӯям

Ба баёни соз гӯям, зи ту роз-роз гӯям, Агараш бидидам инро, ба ту сад баёз гӯям. Ба даруни синаи худ ба муколамотаму лек, Мукаллам агар шавам з-ин, зи ту сад навоз гӯям. Гаҳ равам ба бурҷи осмон, назарe кунам аз он ҷо, Ба гаҳе зи умқи чоҳе зи ту дилнавоз гӯям. Ба садои сурати Ҳамд, ба камоли ёди он панд, Ба замири нутқи побанд, ба сареҳи ноз гӯям. Дили абри пурсамоям зи хунукшавӣ шудаст сер, Пур аз об шавам агар лек, ба ту қатра соз гӯям. Тани ман ба мисли танбӯр бикунад наво зи ишқат, Ба вуҷуди бумзаниҳош тани тахтy тоз гӯям. Дили пурсукути қалбам накунад сухан ба ҳар дам, Агар аз ту бишнавад он, суханаш дароз гӯям. Ғазали лабам надорад маззае зи баҳри раммал, Чу ғазал ба ту бибошад, рамали гудоз гӯям. Шаҳи ҷонсози дилҳо, назаре бикун ту бар мо, Агараш расӣ ба ин ҷо, сухани маҷоз гӯям.