Оташ гирён дорам дар бағал
Оташ гирён дорам дар бағал,
Мекунад сӯзиш маро дар умқи сар.
Бор Яздонам туро мекобаму,
Бо ду чашми кӯри худ кобам назар.
Ишқ печон асту ман овардаам,
Ғалла-ғаллон кун маро дар чӯби тар.
Аз ту раҳматро талабгорӣ кунам,
То кунам бо раҳматат чандон сафар.
Номи покат дар дилам ҷо кай гирифт?
Назди ту пур аз гуноҳам, бехабар.
Шаклу ашколам мураттаб з-изни ту,
Ин вуҷудам торикистон мисли шарр.
Чун дарахти фазли ту пурмева аст,
Бо дили сангин бикӯбам дони тар.
Ақли сарсонам дақиқ донад зи бад,
Лек дар шаҳват нишастааст бехабар.
Ё Худо, гардуни даврам баҳри ту!
Як тасаллӣ деҳ кунам бар он камар.
Номи покат бартар аз фаҳм аст, Худо
Шукри номатро бидорам сар ба сар
Кош, Неру нома будааст баҳри ту,
Андар он нома кунад ҳамдат басар.