Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Неру Эроншо
Неру Эроншо

Эй ҷон, ки аз ҷон бартарӣ

Эй ҷон, ки аз ҷон бартарӣ, дар мулки ҷонон гавҳарӣ, Ҷон гар бигардад аз раҳат, сад бор варо бозаш барӣ. Хоне, ки дар он қандилаш оразми як рухсори туст, Равшан шавад дар он дилон, чун оташи ҷонпарварӣ. Бозори мардумро кунам, тарк аз барои ҳусни ту, Савдои ҳуснат мешавам, аз он ту худ савдотарӣ. Монанди тайри шонасар, дорам сафар баҳри назар, Қофи дилат сайри гуҳар, аз сад назарҳо бартарӣ. Дар баҳри дин дунё турост, дунёву динат пурбаҳост, Ховар зи ту дар ин ҳавост, аз ховарон ховартарӣ. Шоҳам башорат бар манӣ, шукр он ки бар ман сарварӣ, Фармон бидеҳам ё валӣ, аз авлиё авлотарӣ.