Шеърҳо бо теги: динӣ
Шеърҳои марбут ба теги «динӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ба номи Он ки ӯ ном-офарин аст
Ба номи Он ки ӯ ном-офарин аст, Муназзаҳ з-оташ аз шибҳу қарин аст. Ба номи Он ки ин пайдоиш аз ӯст, Ҷаҳонро ҳастиву ороиш аз ӯст.
Дорам шабе, ки дӯзах аз он шаб аломат аст
Дорам шабе, ки дӯзах аз он шаб аломат аст, Аз рӯзи ман мапурс, ки он худ қиёмат аст. Ё Раб, тараҳҳуме, ки зи санги ҷафои халқ Мо дилшикастаему зи ҳар сӯ маломат
Чу андарояд ёрам, чи хуш бувад, ба Худо
Чу андарояд ёрам, чи хуш бувад, ба Худо, Чу гирад ӯ ба канорам, чи хуш бувад, ба Худо! Чу шер панҷа ниҳад бар шикастаоҳуи хеш, Ки, ай азиз, шикорам чи хуш бувад
Ин чӣ маҷлис, чӣ биҳишт, ин чӣ мақом аст ин ҷо?!
Ин чӣ маҷлис, чӣ биҳишт, ин чӣ мақом аст ин ҷо?! Умри боқӣ, рухи соқӣ, лаби ҷом аст ин ҷо! Давлате, к-аз ҳама бигзашт, аз ин дар нагузашт, Шодие, к-аз ҳама бигр
Махур баҳри Худо, ай шайх, хуни майпарастонро
Махур баҳри Худо, ай шайх, хуни майпарастонро, Макун зинҳор чун тасбеҳи марҷон сурх дандонро. Ба зери хок бурдан ҳасрати чашмат бувад мушкил, Кафан аз пардаи бо
Ҷамъ гардонад Худо хоби парешони маро
Ҷамъ гардонад Худо хоби парешони маро, Кард ғафлат сабзаи хобида мижгони маро. Домани дашти ҷунунам дилкушо афтодааст, Бӯйи гул реги равон бошад биёбони маро.
Дар он нафас, ки бимирам дар орзӯи ту бошам
Дар он нафас, ки бимирам дар орзӯи ту бошам, Бар он умед диҳам ҷон, ки хоки кӯи ту бошам. Ба вақти субҳи қиёмат, ки сар зи хок барорам, Ба ҷустуҷӯи ту хезам, ба
Кас нест, ки афтодаи он зулфи дуто нест,
Кас нест, ки афтодаи он зулфи дуто нест, Дар раҳгузари кист, ки доме зи бало нест? Чун чашми ту дил мебарад аз гӯшанишинон, «Дунболи ту будан гунаҳ аз ҷониби мо
Манам, ки гӯшаи майхона хонақоҳи ман аст
Манам, ки гӯшаи майхона хонақоҳи ман аст, Дуои пири муғон вирди субҳгоҳи ман аст. Гарам таронаи чанги сабӯҳ нест, чӣ бок? Навои ман ба саҳар оҳи узрхоҳи ман аст
Ҳикояти Худо пиндоштани ятим марди сахиро
Побараҳна кӯдаке хору ятим, Қалби ӯ аз дарди маҳрумӣ дуним, Пойҳо аз сахтии сармо карахт, Бо либосе пур зи пина, лахт-лахт,
Аввал ту бубин қалби касеро нашикасти!?
Аввал ту бубин қалби касеро нашикасти!? Ин гуна чаро дар паи исботи Худоем, Ҳамсояи мо гушнаву мо сер бихобем Дар хилқати мо розу муаммои Худо чист?
Худо чу сурати абрӯи дилкушои ту баст
Худо чу сурати абрӯи дилкушои ту баст, Кушоди кори ман андар карашмаҳои ту баст. Марову сарви чаманро ба хоки роҳ нишонд, Замона то қасаби наргису қабои ту баст
Зулфошуфтаву хайкардаву хандолабу маст
Зулфошуфтаву хайкардаву хандолабу маст, Пираҳанчоку ғазалхону суроҳӣ дар даст, Наргисаш арбадаҷӯю лабаш афсӯскунон, Ними шаб дӯш ба болини ман омад, бинишаст.
Ёро, биҳишт суҳбати ёрони ҳамдам аст
Ёро, биҳишт суҳбати ёрони ҳамдам аст, Дидори ёри номутаносиб ҷаҳаннам аст. Ҳар дам, ки дар ҳузури азизе бароварӣ, Дарёб, к-аз ҳаёти ҷаҳон ҳосил он дам аст.
Шамъи фалак бо ҳазор машъали анҷум
Сарви чаман пеши эътидоли ту паст аст, Рӯи ту бозори офтоб шикастаст. Шамъи фалак бо ҳазор машъали анҷум, Пеши вуҷудат чароғи бознишастаст.
Дигар нашунидем чунин фитна, ки бархост
Дигар нашунидем чунин фитна, ки бархост, Аз хона бурун омаду бозор биёрост. Дар ваҳм нагунҷад, ки чӣ дилбанду чӣ ширин, Дар васф наёяд, ки чӣ матбӯъу чӣ зебост.
Ин шаби туршрӯи боронӣ
Ин шаби туршрӯи боронӣ Кулбаи модарам ба ёд омад. Боми ӯ мечакад зи боронҳо, Дар дилам оламе ба дод омад.
Чун набуд дидаваре, ҳақназаре дар бари халқ
Чун набуд дидаваре, ҳақназаре дар бари халқ, Барфу борони бало рехт ба фарқи сари халқ. Сангдил баски фузун буд дар ин сангистон, Дили санг об шуд аз оҳи дили м
Дил ба даст овар, ки Ҳаҷҷи Акбар аст
Дил ба даст овар, ки Ҳаҷҷи Акбар аст, Аз ҳазорон каъба як дил беҳтар аст. Дил назаргоҳи Ҷалили Акбар аст, Каъба бунёди Халили Озар аст.
Набинӣ дар амал ҷуз бандагӣ суд
Набинӣ дар амал ҷуз бандагӣ суд, Ҳусули ду ҷаҳон дар амри Маъбуд. Ба кӯҳи Тур рӯзе рафт Мӯсо, Барои рози дил бо Ҳақ таоло.
Моро биҳишт суҳбати ёрони ҳамдам аст
Моро биҳишт суҳбати ёрони ҳамдам аст, Дидори ёри номутаносиб ҷаҳаннам аст! Ҳар дам, ки дар ҳузури азизе ба сар барӣ, Дарёб, к-аз ҳаёти ҷаҳон ҳосил он дам аст!
Нон диҳӣ аз баҳри Ҳақ, нонат диҳанд
Нон диҳӣ аз баҳри Ҳақ, нонат диҳанд, Ҷон диҳӣ аз баҳри Ҳақ, ҷонат диҳанд. Бе тамошои сифатҳои Худо, Гар хӯрам нон, дар гулӯ монад маро.
Чархо фалако ошиқи зорат будам
Чархо фалако ошиқи зорат будам, Ман ёр туро гуфта канорат будам. Ҳар лаҳза паи хоҳишу ҳар фармонат, Чун навкараки самандсаворат будам.
Донӣ, ки Худо чаро туро дода ду даст?
Донӣ, ки Худо чаро туро дода ду даст? Ман мутақидам, ки андар он сирре ҳаст. Як даст ба кори хештан пардозӣ, Бо дасти дигар зи дигарон гирӣ даст...
Биё, ки зулфи каҷу чашми сурмасо ин ҷост
Биё, ки зулфи каҷу чашми сурмасо ин ҷост, Нигоҳи гарму адоҳои дилрабо ин ҷост. Карашма теғу нигаҳ ханҷару мижа алмос, Шаҳодат ар талабӣ, Дашти Карбало ин ҷост.