Ин чӣ маҷлис, чӣ биҳишт, ин чӣ мақом аст ин ҷо?!
Ин чӣ маҷлис, чӣ биҳишт, ин чӣ мақом аст ин ҷо?!
Умри боқӣ, рухи соқӣ, лаби ҷом аст ин ҷо!
Давлате, к-аз ҳама бигзашт, аз ин дар нагузашт,
Шодие, к-аз ҳама бигрехт, ғулом аст ин ҷо.
Чун дароӣ ба тарабхонаи мо бо ғами дил,
Ҳама гӯянд: махӯр ғам, ки ҳаром аст ин ҷо.
Мо ба боми фалакем, аз бари мо гар бигзарӣ,
Бирав оҳиста, ки ҷому лаби бом аст ин ҷо.
Нест дар маҷлиси мо пешгаҳу саффи ниол,
Шоҳу дарвеш надонанд кадом аст ин ҷо.
Сифати уд ҳама сӯхтаву гармравем,
Ба ҷуз аз зоҳиди афсурда, ки хом аст ин ҷо.
Чанд пурсӣ, чӣ мақом аст, Камол, ин ки турост,
Ин мақоме, ки на манзил, на мақом аст ин ҷо.