Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Камоли Хуҷандӣ
Камоли Хуҷандӣ

Эй ғамат ёри бенавоиҳоё

Эй ғамат ёри бенавоиҳо, Бо ман аз дер ошноиҳо. Аз чароғи рухат ба хонаи чашм Дар шаби тира рӯшноиҳо. Кафи пой аз рухам гурезонӣ, То каят ин гурезпоиҳо? Саги кӯят ба ман намуд рақиб, Будаш ин ҳам зи худнамоиҳо. Муфлисонем масту бодаталаб, Мекунем аз лабат гадоиҳо. На самарқандӣ, на зоҳид, чист Хунукиҳову порсоиҳо? Покбозӣ, бишӯй даст, Камол, Бо майи равшан аз дағоиҳо.