Айюҳа-л-атшон фӣ ал-водӣ-л-ҳаво
Айюҳа-л-атшон фӣ ал-водӣ-л-ҳаво,
Ҷӯй-ҷӯён ҷониби дарё биё!
Обро пеши лаби ҳар ташнае
Қолати-л-аквобу қул-қул қавлано.
Аз «сақоҳум Раббуҳум» ибриқҳост
То ба лаб пеши лаби мову шумо.
Гиря то чанд аз аташ, эй нури чашм,
Пеши чашма оби чашме баркушо!
Лав ваҷадта-л-Хизра айнан фа-нтабиҳ,
Кайфа яҳйӣ-н-нуну фӣ айну-л-бақо.
Аз «насит-ул-ҳут» агар ёдет ҳаст,
Ҳамчу он моҳӣ ба ҳазрат ошно.
Гар талабкорӣ, машав дур аз Камол,
Лам таҷид буъдӣ валийян муршидо.