Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосим Лоҳутӣ
Абулқосим Лоҳутӣ

Ба номи Он ки ӯ ном-офарин аст

Ба номи Он ки ӯ ном-офарин аст, Муназзаҳ з-оташ аз шибҳу қарин аст. Ба номи Он ки ин пайдоиш аз ӯст, Ҷаҳонро ҳастиву ороиш аз ӯст. Намедонам, чӣ ҳасту дар чӣ ҷоест, Ҳамин донам, ки гетиро Худой аст. Чӣ хуш гуфтаст, агар донандае ҳаст, Ки бо гарданда гардонандае ҳаст. Ниҳон набвад рухаш: мо кӯр ҳастем, Зи ношоистагӣ з-ӯ дур ҳастем. Ва-гарна ёр пайдотар зи пайдост Рухаш з-ойинаи гетӣ ҳувайдост. Маҷӯ бо дида ӯро, мушкил аст ин Абас кӯшиш макун, кори дил аст ин. Агарчи зоти покаш ломакон аст, Чу некӯ бингарӣ дар дил ниҳон аст. Ғаюр аст ӯ, на ҳар дил хонаи ӯст, Дили соҳибдилон кошонаи ӯст. Диле андар дили соҳибдилон аст, Ки он дил ҷои он ороми ҷон аст. Ту гар хоҳӣ биёбӣ файзи дидор, Ба ҷуз ин дил, диле дигар ба даст ор. Надорӣ гар чунин дил, то ки вақт аст Бизан бар домани соҳибдиле даст, Ки аз доми нафас вораҳонад, Туро то манзили ҷонон расонад. Агар ҷӯяндаи роҳи Худоӣ, Набошад ҷуз Муҳаммад раҳнамое. Хидеви мулки ҳастӣ, Шоҳи кавнайн, Камин майдони сайраш қоби қавсайн. Худоро банда, гетиро худованд, Ки бо амраш ҷаҳон бигрифта пайванд. Худо аз мосуво бартар нишондаш, Ба зоти ақдаси худ дӯст хондаш. Касе ку чун Алӣ ибни Имом ӯст, Ба ҷуз Ҳақ ҳар чиаш гӯям, ками ӯст. Алӣ фармонравои марзи ҳастӣ, Худованди баландиҳову пастӣ,