Дархости ёрӣ аз остони пири номдори хеш Ҳазрати Асадуллохон Абдалишоҳ Кирмоншоҳонӣ
Ало, эй раҳнамо андар раҳи дил,
Хидеви мулки ҷони Шоҳаншаҳи дил,
Чу з-аввал дастгири ман ту будӣ,
Ба роҳи ишқ пири ман ту будӣ,
Зи по афтодаам ёриим бинмо,
Зи нафси дун нигаҳдориим бинмо.
Бубахш аз ман хатоҳое, ки сар зад,
Бузургӣ кун маҳал поям билағзад.
Зи бахшиши карам кун ҳангомаи ман,
Мадад кун, то сар ояд номаи ман.
Тавони кашфи ҳар розам бубахшо,
Забони нуктапардозам бубахшо.
Ту худ донӣ, набошад он забонам,
Ки битвонам ба ӯ ҳақро бихонам.
Туро ҳаст он забони поки ёро,
Бихонам аз забони ту Худоро.