Дар ниёиш ба даргоҳи Эзади тавоно ва Яздони бахшандаи меҳрубон
Худовандо, ба Лоҳутӣ карам кун,
Сарашро хоки роҳи он қадам кун.
Агарчи ҷурмаш аз андоза беш аст,
Дил аз шарми гуноҳаш реш-реш аст,
Худовандо, мабин барбар гуноҳаш,
Бубахш ӯро ба аҷзу бе паноҳаш,
Ба оҳи гарму чашмони тараш бахш,
Худоӣ кун, ба Оли Ҳайдараш бахш.
Худовандо, ба ҷоҳи Оли Аҳмад,
Ба ҳам атрати поки Муҳаммад
Ба Эрону ба эронӣ назар кун,
Раҳошон аз балову аз хатар кун.
Ту худ донӣ, ки Эрон марзи дин аст,
Мақоми подшоҳи ҳаштумин аст.
Аз он рӯзе, ки кардӣ халқ инсон,
Ҳамеша маркази дин буда Эрон.
Ту на барпо намудӣ марзи ҳастӣ,
Ба-дойини Аҷам Яздон парастӣ.
Кунун он бандагонро зор мешанд,
Парасторони худро хор мешанд.
Ба Эрони фурӯ фирӯзӣ ато кун,
Зи ҳар ранҷу хатар онро раҳо кун.