Ниёиш ба равони поки сари донишварон Фирдавсии Тӯсӣ
Ба пеши дахмаи донои Тӯсӣ
Сазад Лоҳутиё, гар хок бӯсӣ.
Ситоиш сар кунӣ бар он хирадманд,
Ба сони банда дар пеши Худованд.
Ба-дӯ гӯӣ, ки: Эй Фирдавсии род,
Намояндаи раҳи озодиву дод.
Туӣ фармонравои марзи дониш,
Зи ту рӯшан чароғу чашми биниш.
Суханро ҳастиву пайдоиш аз туст,
Хирадро зевару ороиш аз туст.
Ту ҳастӣ мард дар майдони дониш,
Чӣ мегӯям: ту ҳастӣ ҷони дониш.
Ту ҷониву сухан монанди пайкар,
Хирад монандаи киштӣ, ту лангар.
Ту Эронро ба дониш зинда кардӣ,
Ту марзи Порсро поянда кардӣ.
Манам як бандае аз бандагонат,
Парастишкори ҷовидони равонат.
Бар онам, то кунам ҳамдардии ту,
Ба гетӣ нозам аз шогирдии ту,
Ту, эй ҷони хуҷаста, ё ориам кун,
Парасторӣ дар ин ёдориам кун,
Туро ҷонест зи омурзиш сиришта,
Ки акнун ҳаст ҳамрози фаришта.
Дар он хуррамбиҳишти ҷовидонӣ,
Ки ҳастӣ гарм нӯшу комроне.
Бихоҳ аз Эзади донову додор,
Ки то фармоядам ёрӣ дар ин кор.
Фаре бар пайкари поку равонат,
Расад омурзиши Яздон ба ҷонат.