Оғози сухан
Кунун бо ёрии бахшанда Яздон,
Дар-орам Рахши маъниро ба ҷавлон.
Зи таърихи нажоди хеш гӯям,
Дуруст онро – на кам, на беш гӯям.
Шавам пӯён ба роҳи нуктадоне,
Бигӯям аз нажоди ориёнӣ.
Нахустин қавм к-андар Ховарон буд,
Ба танҳоӣ нажоди Ориён буд.
Зиёни Ориян аз он замон монд,
Урупо Шарқро “Ориён” аз он хонд.
Ба асбобе, ки акнун нест маълум,
Шуданд овора дар ҳар марзу ҳар бум.
Гурӯҳе рӯ ба Ҳиндустон намуданд,
Нажоди ҳинду аз он тору пуданд.
Бари онон кашон ҳуш асту идрок,
Бувад ҳинду ба Ораш Тоҳиру пок.
Дигар бархе аз он қавми ҳунарманд,
Аз ин кишвар раҳи Тӯна гирифтанд.
Гулу жармин, дигар Кирмону Бобул,
Бувад боқӣ аз он чун атр аз гул.
Бувад бар порсидонон мубарҳан,
Ки бошад ҷангҷӯ маънои жирман.
Гурӯҳе рӯ ба сӯйи Юнону Рум кард,
Зи бадбахтӣ нажоди хеш кам кард.
Дар ойини дигар бар кушоданд,
Аз он насли Карак ташкил доданд.
Бари он кар забони мо хабар аст,
Карак ҷанговару роду далер аст.
Дигар қавме к-аз Эрон рӯй баррафт,
Ба Мақдунияву зи Айлирӣ рафт.
Нажодаш кам-кам он ҷо рафт таҳлил,
Аз ӯ тарвову оран ёфт ташкил.
Гурӯҳи дигар аз Эрон ба зудӣ,
Макон ҷустанд андар кӯҳи Ҷудӣ.
Зи кӯҳи Ҷудӣ ар Ораш биҷӯӣ,
Ту онро бояд “Оророт” гӯӣ.
Сухандон ин суханро инчунин хонд.
К-аз онон “Арману” “Албон” баҷо монд.