Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосим Лоҳутӣ
Абулқосим Лоҳутӣ

Шоҳаншоҳи пешдодиён

Зи ҳар қавме, ки аз навъи башар буд, Нажоди пешдодӣ бештар буд. Нахустинтар буданд аз ҳар нажоде, Аз он рӯ номашон шуд Пешдодӣ. Ки дар доду диҳиш аз ҳар ки бешанд, Ба мардум раҳнамои ҳушу кешанд. Сухандон к-ин наҳрро бо хирад суфт, Мар онро давраи Гулшоиён гуфт. Чунин гӯянд мардони дилогоҳ: Ки номовар Каюмарз аст Гулшоҳ. Ҳамин сарчашмаи покӣ ҳам ӯ буд, Ҳамоно одами хокӣ ҳам ӯ буд. Ба сурёнӣ, ки ӯро нек донанд, Мар ӯро зиндаи гӯё бихонанд. Дигар Ҷамшедиён буд номи онон, Ки шуд кори ҷаҳон бар коми онон. Бувад Ҷамшед аз алқоби Эрон, Ки додандӣ ба шоҳони ҷаҳонбон. Зи алқоби шукӯҳу шавкат аст ин. Ҳамон маънои Аълоҳазрат аст ин, Мураккаб бошад ин ном аз Ҷаму Шед, Бари доно бувад рӯшан чу хуршед. Ҷам аст он к-ӯ нахустинтар зи ҳар кас, Або Яздон сухан ӯ гуфтаву бас. Аҷамро он замон ойин чунон буд, Ки Ҷам навбоваи “Девон ҷаҳон” буд. Сухандон дар “Авасто” чун сухан ронд, Дар он дам номи ин Ҷамро ба маҳ хонд. Ба маҳ андар забон сонискритӣ, Бувад фармондеҳи амвоти гетӣ. Ба ойини Аҷам, Ҷам он сутург аст, Валекин шед дар маъно бузург аст. Ба ҳар шоҳе, ки бадро ду дилогоҳ, Бигуфтандаш Ҷамшед аст ин шоҳ. Кунун ҳам бихрадон ин роҳ пӯянд, Ба шоҳон Хусрави Ҷам ҷоҳ гӯянд. Чу бар Истахр оташ зад Сикандар, Дар он ҷо номҳоро сӯхт яксар.