Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосим Лоҳутӣ
Абулқосим Лоҳутӣ

Сиёмак

Аз он Шаҳзода фарзанде баҷо буд, Ки покизаниҳоду порсо буд. Зи бас Шаҳзода буд боҳушу фарҳанг, Шаҳаншаҳ карда будаш ном Ҳушанг. Шаҳаншаҳ лашкаре аз нав ба ӯ дод, Пайи кини писар ӯро фиристод. Ки ӯ бидҳад мукофоти бадиро, Барандозад раҳу расми бадиро. Шаҳаншаҳзода он лашкар ба ёр аст, Ба хубӣ з-Аҳриман кини падар хост. Аз ӯ деву дадон нобуд гаштанд, Ҳама Эрониён хушнуд гаштанд. Аз он шодӣ Ниёро чеҳра бишкуфт, Ба шаҳзода дуруду офарин гуфт. Пас аз сӣ сол доду додхоҳӣ, Бад-ӯ биспурд шаҳ Авранги шоҳӣ. Каюмарз аз ҷаҳон чун бор барбаст, Ба гоҳи Хусрави Ҳушанг биншаст. Басе гуфтаст он Шаҳ панду андарз, Кунун бишнав ту андарзи Каюмарз.