Бастаҳои зерин бе камубеш андарзҳои Каюмарз аст, ки ононро баҳам пайваста ва “баста” намудам
Намояд шодии бисёр зиштат,
Бирӯяд худ ба рустӣ дар сириштат.
Сириштат чунки гармӣ кам намояд,
Аз он бемории андӯҳ бизояд,
Чу афзун гашт коми зиндагонӣ,
Бимиронад дилатро комронӣ.
Даҳаш, ҳамчун ниҳоли навбаҳорест,
Сипос ӯро ба ҷои обёрист.
Даҳаш шохест к-аз испосдорӣ,
Шавад хуррам чу гулзори баҳорӣ.
Бидоду бардиҳаш ҳарчи физояд,
Фару пирӯзӣ афзунтар намояд.
Ба роҳи ростӣ чандон, ки пӯӣ,
Ҳамон андоза ком аз бахт ҷӯӣ.
Ба ҳар пое ниҳӣ пеш андарин роҳ,
Шавад корат ҳамон андоза дилхоҳ.