Ҳушанг
Чу бар тахти шаҳӣ биншаст Ҳушанг,
Аз ӯ бигрифт гетӣ фарру фарҳанг.
Шаҳаншоҳе бузургу номвар буд,
Хидеве меҳрубону додгар буд.
Ҳамӯ будаст Зартушти нахустин,
К-аз ӯ яздонпарастӣ гашт ойин.
Пайамбар буду некӣ дини ӯ буд,
Ба гетӣ ростӣ ойини ӯ буд.
Ҳамин Ҳушангро Идрис донанд,
Гурӯҳе аз хирадмандон бар онанд.
Ҳам ӯ ҳар ҷонаварро парвариш кард,
Зи шири гӯсфандон ӯ хӯриш кард.
Зи гову гӯсфанд ӯ шир дӯшид,
Бинӯшонид бар халқу бинӯшид.
Бисоти ҷаҳлро барбод ӯ дод,
Навиштанро ба мардум ёд ӯ дод,
Ҳам ӯ аз санг оҳанро ҷудо кард
Ва з-он оҳан чӣ некӯкорҳо кард.
Замона сарбасар обод аз ӯ шуд,
Дили аҳли замона шод аз ӯ шуд.
Ҳам ӯ пардохт бар дарё канорон,
Ҷудо бинмуд аз он ҷӯйборон.
Сипас омӯхт роҳи кишткорӣ,
Раҳи бидравидану ҳам обёрӣ.
Ба рӯзи бистум аз моҳи Баҳман,
Ба саҳро рафт он шоҳи накӯтан
Дар он дам аз буни як хорзоре,
Бурун омад ба ногаҳ тирморе.
Шигифт омад Шаҳаншаҳро аз он мор,
Бигуфт: Аҳриман аст ин мардумозор.
Ба яздон саркаш асту реман аст ӯ,
Бибояд куштанаш: Аҳриман аст ӯ.
Ба сахтӣ сӯи мор афканд як санг,
Ба санги дигар омад санги Ҳушанг.
Фурӯғе гашт пайдо з-он миёна,
Бизад бар хору кард оташ забона,
Аз он ҷо оташи сахте барафрӯхт,
Дар он оташ тани он мор ҳам сӯхт.