Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосим Лоҳутӣ
Абулқосим Лоҳутӣ

Дар он дам гар ба хунаш менишондам

Дар он дам гар ба хунаш менишондам, Ба подоши бад ӯро мерасондам, Пайи осоиши дил кардаме ин, На баҳри эзаду дар поси ойин. Пас аз сӣ сол он Шоҳаншаҳи пок, Зи тахти оҷ шуд бар бистари хок. Пас аз Таҳмурас он шоҳи ҳунарвар, Бишуд Ҷамшед Шоҳаншоҳи кишвар. Чи буд фарзанди шоҳу ҷонишинаш, Бишуд дорои дайҳиму некнишинаш. Фурӯзон ахтари бахти Аҷам шуд, Ки Шоҳаншоҳони Ҷамшеди Ҷам шуд. Бари бархе зи мардони дилогоҳ, Сулаймони Пайамбар буд он шоҳ.