Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосим Лоҳутӣ
Абулқосим Лоҳутӣ

Ин осмоннавард ба сӯйи ту мепарад

Ин осмоннавард ба сӯйи ту мепарад, Моро дар ин ҳаво ба ҳавои ту мебарад. Дар мартаи кабуди фалак ин ҳавонавард Монанди оҳуест, ки озода мечарад. Абрӣ ситабрро муталошӣ кунад чунон, Гурге, ки аз миёнаи як галла бигзарад. Дарҳам дарад зи гардиши парвонааш ҳаво, Он сон ки дил зи гардиши чашми ту медарад. Дар байни аршу фарш чунин мулки мустақил Камтар диловаре ба тасарруф дароварад. Ҷуз ёди дӯст дар бари мо андар ин фазо Фикри дигар маҷол надорад, ки бигзарад. Худро ба ин паранда супурдам, к-аз ин диёр Берун барад маро, ба диёри ту биспарад. Ёди даҳони танги ту дар ин дили ҳаво З-ин бештар, бигӯ, дили моро наяфшурад. Меҳри буте ба ҷон бихаридӣ, ки ҳеҷ вақт, Лоҳутиё, туро ба пашизе намехарад.