Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосим Лоҳутӣ
Абулқосим Лоҳутӣ

Хунобаи ин синаам, эй ёри хуҷандӣ

Хунобаи ин синаам, эй ёри хуҷандӣ, Дил буд, ту онро ба чунин рӯз фикандӣ. Хубӣ ту, вале ҳайф, ки ушшоқфурӯшӣ, Ҷононаӣ, афсӯс, ки бегонаписандӣ. Меҳр аз ту агар металабам, мункири меҳрӣ, Пандат ба вафо гар бидиҳам, душмани пандӣ. Ҳар раҳ, ки аз он сӯйи ту оям, ту бигирӣ, Ҳар дар, ки аз он рӯйи ту бинам, ту бубандӣ. Гӯям: зи чӣ моро бифурӯшӣ? Ту биранҷӣ, Гирям, ки чаро раҳм надорӣ? Ту бихандӣ. Ҳар тухми вафо коштам аз меҳри ту дар дил, Онро ба ҷафо оқибат аз реша бикандӣ. Алқисса, миёни ҳама хубони замона Бемеҳртарӣ аз ҳама, эй ёри хуҷандӣ!