Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: падар

Шеърҳои марбут ба теги «падар» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Паҳлавони фуқоӣ ар ногоҳ

👁 12

Паҳлавони фуқоӣ ар ногоҳ Зери ях рафту дод ҷони нафис. Писарашро бигӯ: Ба гӯри падар Баррадаллоҳу мазҷаъа бинавис!

Камоли Хуҷандӣ
Камоли Хуҷандӣ

Ба роҳи гарми Бағдод Ибни Салмон

👁 15

Ба роҳи гарми Бағдод Ибни Салмон Дар он ҳолат, ки аз ҷон мебуридӣ. Набудаш, гӯиё, шеъри падар ёд, Ки хондӣ он даму бар худ дамидӣ.

Камоли Хуҷандӣ
Камоли Хуҷандӣ

9. Оғози достон

👁 50

Сухангӯй деҳқон чӣ гӯяд нахуст, Ки тоҷи бузургӣ ба гетӣ кӣ ҷуст? Кӣ буд он ки дайҳим бар сар ниҳод? Надорад кас аз рӯзгорон ба ёд.

Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

Чашми ту аз ҳад мебарад бо ошиқон бедодро

👁 24

Чашми ту аз ҳад мебарад бо ошиқон бедодро, Аз нолаи мурғон чӣ ғам он дилсиёҳ сайёдро?! Мардум ба даври рӯйи ту дар гиряанд аз оҳи ман, Шарт аст борон рехтан дар

Камоли Хуҷандӣ
Камоли Хуҷандӣ

Сиёмак

👁 20

Аз он Шаҳзода фарзанде баҷо буд, Ки покизаниҳоду порсо буд. Зи бас Шаҳзода буд боҳушу фарҳанг, Шаҳаншаҳ карда будаш ном Ҳушанг.

Абулқосим Лоҳутӣ
Абулқосим Лоҳутӣ

Мурд Муродӣ, на ҳамоно ки мурд

👁 22

Мурд Муродӣ, на ҳамоно ки мурд, Марги чунон хоҷа на корест хурд. Ҷони гиромӣ ба падар боздод, Колбади тира ба модар супурд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ай фасли боборони мо, баррез бар ёрони мо

👁 30

Ай фасли боборони мо, баррез бар ёрони мо, Чун ашки ғамхорони мо дар ҳаҷри дилдорони мо! Ай чашми абр, ин ашкҳо мерез ҳамчун машкҳо, Зеро ки дорӣ рашкҳо бар моҳ

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

То куҷоҳо гиряро лабханд пинҳон мекунад

👁 29

То куҷоҳо гиряро лабханд пинҳон мекунад? Иззати номусро сарбанд пинҳон мекунад? Мисли кудакҳо фиреби хештанро рузу шаб, Шурии бахти касеро қанд пинҳон мекунад?

Меҳровари Масчоҳӣ
Меҳровари Масчоҳӣ

Падаре бо писаре гуфт ба қаҳр

👁 192

Падаре бо писаре гуфт ба қаҳр, Ки ту одам нашавӣ ҷони падар. Ҳайфи он умр, ки ай бе сару по, Дар раҳи тарбиятат кардам сарф.

Низомии Ганҷавӣ
Низомии Ганҷавӣ

Яке бар дидани рӯи Падар зор

👁 70

Яке бар дидани рӯи Падар зор, Яке доим Падарро мекунад хор. Ман аз ин кори қисмат дар аҷибам, Худоё ин чи сир асту чи асрор.

Ш
Шоири номаълум

Забон гумкарда

👁 83

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Набинад модари мо ранҷу озор

👁 17

Набинад модари мо ранҷу озор, Варо бошад чу фарзанди вафодор. Шукуфон мешавад монанди гулзор, Худо розӣ зи фарзанди сазовор.

М
Мирзоюсуф Тоҳирӣ

Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт

👁 97

Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт, Шояд ки дошт болу пар, аммо хабар надошт. Ё дошт огаҳӣ зи пару боли хеш, лек, Майли ҷудо шудан зи ману аз Падар надошт

Ш
Шоири номаълум

Маро Туркий наҷод асло магӯед

👁 40

Маро Туркий наҷод асло магӯед, Наям турки забоне турки нишоне. Маро мавлуд Бухорои Шариф аст, Алам бардори фарҳанги ҷаҳоне.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Ман тариқи зиндагиро аз башар омӯхтам

👁 29

Ман тариқи зиндагиро аз башар омӯхтам, Одаму одамгариро аз Падар омӯхтам. Он қадар болам зи Модар шири покам дода буд, Покиву покизагиро ин қадар омӯхтам.

Умари Хайём
Умари Хайём

Турку тозӣ ҳар куҷо даъвои Сино мекунад

👁 64

Турку тозӣ ҳар куҷо даъвои Сино мекунад То ба боми шӯҳрати ӯ нардбон пайдо кунад, Лек Сино нардбонашро ба бомаш бурдааст, Турку тозӣ бар ҳадар ин турктозиҳо кун

Бозор Собир
Бозор Собир

Донӣ чӣ ҳикмат аст, ки фарзандро падар

👁 29

Донӣ чӣ ҳикмат аст, ки фарзандро падар, Миннат надорад, ар диҳадаш рӯзу шаб ато. Яъне дар ин ҷаҳон, ки маҳалли ҳаводис аст, Дар меҳнати вуҷуд ту овардаӣ маро.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Ғизои рӯҳ бувад бодаи рақиқ, алҳақ

👁 22

Ғизои рӯҳ бувад бодаи рақиқ, алҳақ, Ки ранги ӯ кунад аз дур ранги гулро дақ. Ба ранг занг зудояд зи ҷони андӯҳгин, Ҳумой гардад, агар ҷуръае бинӯшад бақ.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Падар ранҷонад, асло наранҷед

👁 31

Падар ранҷонад, асло наранҷед, Хато гӯяд, ба ҳоли ӯ нахандед! Замоне, ки ба синни ӯ расидед, Фишори зиндагӣ, акнун бисанҷед!!!

Ш
Шоири номаълум

Бишнав сухани маро, ки панд аст

👁 29

Бишнав сухани маро, ки панд аст, Панди падар аст, судманд аст. Илме, ки дар он амал набошад, Ҷуз арбадаву ҷадал набошад.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Беҳин коре, ки андар зиндагонист

👁 88

Беҳин коре, ки андар зиндагонист Накӯхоҳӣ, ба кас роҳатрасонист. Ба лутфу марҳамат дилҳо нигаҳ дор, Кас аз дасту забони худ маёзор,

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 102

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Подшоҳе писар ба мактаб дод

👁 52

Подшоҳе писар ба мактаб дод, Лавҳи симин-ш бар канор ниҳод. Бар сари лавҳи ӯ навишта ба зар: «Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар».

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Бар кӯзагаре парер кардам гузаре

👁 52

Бар кӯзагаре парер кардам гузаре. Аз хок ҳаменамуд ҳар дам ҳунаре. Ман дидам, агар надид ҳар бебасаре, Хоки падарон дар кафи ҳар кӯзагаре.

Умари Хайём
Умари Хайём

Чаро?

👁 43

Эй ҳамватан, ба ҳамдигар чунучаро чаро? Кардем базмхонаро мотамсаро чаро? Дорем як таронаи шевои сарнавишт, Дар як тарона мову ту ноҳамсаро чаро?

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ