То куҷоҳо гиряро лабханд пинҳон мекунад
То куҷоҳо гиряро лабханд пинҳон мекунад?
Иззати номусро сарбанд пинҳон мекунад?
Мисли кудакҳо фиреби хештанро рузу шаб,
Шурии бахти касеро қанд пинҳон мекунад?
Оқибат як рӯз меуфтад ба чоҳе ҳиллагар,
То ба кай дар пушти бовар фанд пинҳон мекунад?
Аз Худованде, ки мебинат ҳаросе нест лек,
Кори худро аз падар фарзанд пинҳон мекунад!
Чашми дилро боз кун Меҳроваро бар осмон,
Моҳро не! Чашмҳоро банд пинҳон мекунад.