Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Меҳровари Масчоҳӣ
Меҳровари Масчоҳӣ

Оҳандилӣ намуданд, аз занг шиква дорем

Оҳандилӣ намуданд, аз занг шиква дорем, Оинаро шикастанд, аз санг шиква дорем. Қадре, ки сода будем, он қадр бетаваҷҷӯҳ, Бо номи сулҳ куштанд, аз ҷанг шиква дорем. Умре ба рӯшноӣ, пайванд ҷон намудем, Дилро сиёҳ карданд, аз ранг шиква дорем. Дидем ҳамдигарро дар куча хап гузаштем, Ҳангоми ҳарфи гӯшӣ аз занг шиква дорем. Ин аст ҳолати мо дар бахши вазъи дунё, Темурнадида ҳастем, аз ланг шиква дорем. Дар зери дуд хобем, дар хонаи худ аммо Дар хонаи дигарҳо, аз чанг шиква дорем.