Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Умари Хайём
Умари Хайём

Ман тариқи зиндагиро аз башар омӯхтам

Ман тариқи зиндагиро аз башар омӯхтам, Одаму одамгариро аз Падар омӯхтам. Он қадар болам зи Модар шири покам дода буд, Покиву покизагиро ин қадар омӯхтам. Муддате маҳрум будам аз ҷамоли дӯстон, Банда қадри дустиро дар сафар омӯхтам. Офарин бар ошиқони хусни оламгири шеър, Ман забони ишқро аз шеъри тар омӯхтам. Ман ба номардони олам кина дорам кина дор, Бо қалам ҷанговариро бе сипар омӯхтам. Чун ту ҳӯшёри равон дар осмони софи шеър, Дар само парвозро бе болу пар омӯхтам.