Шеърҳо бо теги: модар
Шеърҳои марбут ба теги «модар» дар сомонаи «Шоирон».
Модар
Модар Эй модар, фидои меҳру эҳсонат шавам, Хоки қадам ба дидаи гирёнат шавам. Аз меҳри ту шукуфт гули умри ман,
Меҳри модар
Ба нураш гарчи ин хуршеди ховар Фаро гирад ҷаҳонеро саросар, Намегардад валекин он баробар Ба ин пурқувватӣ бо меҳри модар.
Ту монанди замин танҳоӣ, модар,
Ту монанди замин танҳоӣ, модар, Ту монанди замин яктоӣ, модар. Заминро ҳар қадар чун моли меросӣ Миёни ҳам басо тақсим карданд.
Ба модарам
Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо, модари пирам, Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният, Ки рӯзи тӯй дида дар қади ман, бишканӣ армон, Бубинӣ то ба ранги нав, ба
Ёди модар
Ҳазорон мисраи шеърҳо нависам, Ба хуни қалби худ ғамҳо нависам. Зи оби дидаам тар шуда дафтар, Ба номат қиссаи дардҳо нависам.
Меҳри модар
Парастиш мекунам ӯро барои меҳри сӯзонаш, Вуҷудам равшаноӣ ёфт аз хуршеди чашмонаш. Дареғо, кӯдаки рафту ба сар фасли дигар омад, Насиби ман нахоҳад шуд дигар м
Солам бигузашту гарчи ман солорам
Солам бигузашту гарчи ман солорам, Армон наравад зи синаи афгорам. Ку тифлӣ, к-аз ғаме бигирям осон? Ку бӯсаи модар, ки барад озорам?!
Дарди бе ту...
Бароят китоб эҷод кардан мехоҳам, вале китоб хурдӣ мекунад, барои дарду алами бе ту буданро рӯи коғаз овардан аз нав бояд таваллуд шавам, зеро боқимондаи умрам
Фиғон то субҳ
Шаби сиёҳи торике, ки чашмони моро аз гиря нобино, қалбҳоямонро дардноку бемор кард. Шабе ки овора, сарсону саргардон мисли девона будем. Субҳе ки аз дамиданаш
Даст ба дуо, дил ба ёдат, модарам
Даст ба дуо, дил ба ёдат, модарам, Чеҳра хандон будӣ ту, ҷон модарам. Ёди ту кардам дар ин дунёи ҳеҷ, Интизорaм бинамат ман, модарам.
Модарнома
Парешонҳоламу беморам, модар, Зи ҳоли бе ту ман хорам, модар. Зи дурии ту ман бемор гаштам, Парешонхотиру афгор гаштам.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Надорам имтиёз аз содагӣ аз дӯст душманро
Надорам имтиёз аз содагӣ аз дӯст душманро, Чароғи корвон кардам тасаввур чашми раҳзанро. Касе огаҳ зи рафтори сабукрӯҳон намегардад, Садои по набошад хонаи ойин
Ба ҳоли худ қаноат гиряи дигар бувад моро
Ба ҳоли худ қаноат гиряи дигар бувад моро, Лаби хушке, ки мо дорем, чашми тар бувад моро. Заминро осмонӣ кардаем аз рафъати пастӣ, Ба гирди хеш гаштан гардиши а
Мурд Муродӣ, на ҳамоно ки мурд
Мурд Муродӣ, на ҳамоно ки мурд, Марги чунон хоҷа на корест хурд. Ҷони гиромӣ ба падар боздод, Колбади тира ба модар супурд.
Ҳикояти ҳуққабози моҳир ва либоси ноаёни ӯ
Ҳуққабозе чира дар сомони Шарқ Буд дар баҳри фиреби халқ ғарқ. Тездасту чобуку ҳушёр буд, Хушбаёну пухта дар гуфтор буд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Боғи маро чӣ ҳоҷати сарву санавбар аст?
Боғи маро чӣ ҳоҷати сарву санавбар аст? Шамшоди хонапарварири мо аз кӣ камтар аст? Эй нозанинписар, ту чӣ мазҳаб гирифтаӣ, К-ат хуни мо ҳалолтар аз шири модар а
Модар, модаро, ту ибтидоям будӣ
Модар, модаро, ту ибтидоям будӣ, Ҳам қимати қомати расоям будӣ. З-аввал ту намезодӣ, намемурдам ман, Гӯё ки ту низ интиҳоям будӣ.
Модар, модаро! Шири сафедам додӣ
Модар, модаро! Шири сафедам додӣ, Дунё баумед асту умедам додӣ. То бар сари ман чӣ ояд аз бешу камӣ, Ту дар сари гаҳвора навидам додӣ.
Модар, модар, чаро чунин зодӣ маро
Модар, модар, чаро чунин зодӣ маро? Дар чорсуи азоб раҳ додӣ маро? Аз синаи гарми хеш берун кардӣ, Дар синаи сарди хок бинҳодӣ маро.
Ҷаҳонеро паи эъҷоз доданд
Ҷаҳонеро паи эъҷоз доданд, Фазоеро паи парвоз доданд, Чу моро модарон зоданд рӯзе, Заминро ҳамчу пойандоз доданд
Аё модар, мадори ман ту будӣ
Аё модар, мадори ман ту будӣ, Гули аввалбаҳори ман ту будӣ. Нахушкад чашмаи шеъру сурудам, Зи бас сарчашмадори ман ту будӣ.
Аё модар, ба қурбони ту мирам
Аё модар, ба қурбони ту мирам, Чу муҳри меҳри паймони ту мирам. Ҷаҳон пурмакру дастон аст, бигзор, Ки ман дар рӯи дастони ту мирам.
Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ
Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ, Сафои бомдоди ман ту будӣ. Аё модар, ба он сон бесаводӣ Нахустин устоди ман ту будӣ.
